Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 60 нафар дар таркишҳои Ироқ


Дар силсилаи таркишҳо дар манотиқи гуногуни Ироқ дар шабонарӯзи гузашта ба камияш 60 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Инфиҷор дар Бақуба, шимоли Бағдод, 38 кушта ва наздик ба ҳаштод маҷрӯҳ ба ҷой гузошт. Ин таркиш дар назди бинои додгоҳ, ҷойи пуриздиҳоми шаҳр ба вуқӯъ пайваст. Дар устони Диёлаи Ироқ нерӯҳои муштараки давлати Ироқ ва Иёлоти Муттаҳида дар амалиёти шадиде бо ошӯбгарон даргир шудаанд.
XS
SM
MD
LG