Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози сафари Попи Рум дар Иёлоти Муттаҳида


Попи Рум, Бенедикти Шонздаҳ сафари шашрӯзаашро дар Амрико аз Вошингтон, пойтахти Иёлоти Муттаҳида, шурӯъ кард. Ҳамчун як амри нодир ӯро дар Пойгоҳи нерӯҳои ҳарбии Эндрюс, президенти Амрико Ҷорҷ Даблю Буш пешвоз гирифт. Поп қарор аст, дар Амрико чандин мулоқот доир намуда, дар Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кунад. Вай ҳамчунин дар "Граунд Зеро", макони собиқ биноҳои Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат, ки дар ҳамлаҳои 11-ҳуми сентябри соли 2001 нобуд шудаанд, ниёиши гиромидошти қурбониёнро барпо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG