Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи баҳси ҳастаии Эрон дар Шонгҳайи Чин


Қудратҳои ҷаҳонӣ имрӯз дар Шонгҳайи Чин барномаи тазодомези ҳастаии Эронро баҳс мекунанд. Панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба изофаи Олмон ин суолро матраҳ мекунанд, ки оё барои розӣ кардани Эрон ба қатъи ғанисозии ураниум маҷмӯъи пешниҳодҳои дилгармкунандаи соли 2006-ро афзоиш диҳанд ё на. Вазири корҳои хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ рӯзи якшанбе гуфт, кишвараш пешниҳодҳое омода кардааст, ки қарор аст, ба баҳси ҳастаии Ғарб бо Эрон хотима гузорад.
XS
SM
MD
LG