Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозиёнро дар Узбакистон ба зиндон андохтанд


Додгоҳи Узбакистон Юсуф Ҷумъа-яке аз мунаққидони ошкори ҳукумати ин кишварро панҷ сол маҳкум ба зиндон кард. Сурат Икромов-фаъоли ҳуқуқи башари Узбакистон, ки дар мурофиа ширкат дошт, ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, додгоҳ Бобур-писари 25-солаи Ҷумъаро низ се сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҷумъа худро гунаҳгор намедонад, дар ҳоле, ки писараш Бобур дар догоҳ худро гунаҳгор эътрироф кардааст. Падару писар моҳи декабр барои нишасти эътирозӣ бар зидди Ислом Каримов дар зодгоҳашон Бухоро боздошт шуда буданд. Ҷараёни мурофиаи додгоҳ бо таҳқиру таҳдид ҳамроҳ будааст.
XS
SM
MD
LG