Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон то сентябр фуруши гандумро мамнуъ кард


Имруз ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифт, ки то аввали сентябри соли ҷорӣ фуруши гандумро мамнуъ кунад. Дар изҳороти дафтари нахуствазири Қазоқистон гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин тасмим таъмини амнияти ғазоӣ дар ин кишвар будааст. Қазоқистон кишвари муҳими содиркунандаи гандум дар Осиёи Марказист ва ҳар сол ба Тоҷикистон 200 ҳазор тон ва ба Қирғизистон низ 200 ҳазор тон гандум содир мекунад. Содироти гандуми Қазоқистон ба Озарбойҷон соле 300 ҳазор тонро ташкил медиҳад. Изҳороти ҳукумати Қазоқистон дар ҳоле мунташир мешавад, ки як рузи пеш Оқилбек Куришбоев-вазири кишоварзии ин кишвар дар бораи 12 милён тон содироти солонаи гандуми Қазоқистон суҳбат мекард.
XS
SM
MD
LG