Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳанги истеъфо


Финландия

Ҳафтаи гузашта президенти Финландия Тарйя Ҳалонен Александр Стабро ба ҷои Илкка Канерва вазири корҳои хориҷии ин кишвар таъйин кард. Канерваи 60-сола баъди ошкор шудани саргузаштҳояш бо як раққосаи 29-солаи тарабхона барканор шуд. Як маҷаллаи финландӣ тахминан 200 паёми маҳрамонаи Канерва ба ин раққосаро, ки аз телефони мобили хидматии вазир ирсол шуда буданд, дастрас намуда, баъзе аз онҳоро ба табъ расонд. Дар баъзе кишварҳо ҳодисаҳои ба маротиб шармсоркунанда ба вуқӯъ мепайвандад, вале мансабдорон ҳамоно иҷрои вазифаҳояшонро идома медиҳанд.

ИМА

"Тӯли ҳаёти ҷамъиятиям ман таъкид мекардам, ки ба ақидаи ман сарфи назар аз мавқеи ишғол намуда ва ё қудрати дар ихтиёр дошта, мардум бояд масъулияти рафторашонро бар дӯш гиранд. Ман аз худ ҳам чунин масъулият талаб мекунам. Ин аст, ки ман аз мансаби волӣ ба истеъфо меравам."

Ин изҳороти волии иёлати Ню-Йорк Элиот Шпитсер аст, ки 12 март баъди ошкор шудани равобити маҳрамонааш бо як фоҳиша садо додааст. Шпитсер, ки қабл аз ишғоли курсии волӣ вазифаи додситони ин устони ИМА-ро бар дӯш дошт, бо муборизаи беамон бо авомфиребӣ дар бозорҳои молӣ ва аз ҷумла мубориза бо фаҳшо маъруф шуда буд.


Олмон

Рӯзи душанбеи 14-уми апрел бошад, дар шаҳри Дрезден сарвазири ҷумҳурии Саксонияи Олмони Федералӣ Ҷорҷ Милбрадт масъулияти хало дар буҷети ин устони шарқии Олмонро бар дӯш гирифта, иброз дошт, ки аз мансаби сарвазир ва раиси ҳизби ҳокими Иттиҳоди насронии демократӣ ба истеъфо меравад. Собиқ иқтисодшиноси варзида Милбрадт дар соли 2001 пешвои минтақавии ҳизб ва як сол пас сарвазири Саксония интихоб шуда буд.

Шореҳон Милбрадтро аввалин қурбонии бӯҳрони қарзи хона дар Амрико меноманд, зеро сабаби истеъфои ӯ гум кардани назорати бонки Sachen LB унвон дода шудааст. Ин бонк сармояи ҷумҳурии Саксонияи Олмони федералиро дар ихтиёр дошта, қисме аз онро дар лоиҳаҳои ИМА гузошта буд, вале баъди оғози бӯҳрон дар Амрико бонки Sachen LB ба фурӯш рафт.

Булғористон

Дар Булғористон рӯзи якшанбеи 13-уми апрел вазири корҳои дохилӣ истеъфояшро эълон кард. Ин ҳодиса баъди куштори як соҳибкор ба вуқӯъ пайваст. Ӯ дар китобаш олами ҷиноии Булғористонро ифшо карда, афзуда буд, ки баъзе афсарони полис шарики олами ҷиноӣ мебошанд.

Фишор болои вазири умури дохилӣ аз он сабаб ҳам зиёд буд, ки ду афсари зердасташ аз қудрат сӯиистифода намуда, асрори давлатиро ба саркардаҳои олами ҷиноӣ фурӯхтанд.

Малайзия

Вале фарҳанги истеъфо хоси танҳо мамолики ғарбӣ нест. Моҳи гузашта дар интихоботи парламентии Малайзия ҳизби ҳоким мавқеи яккаҳукмронро аз даст дод. Ҳоло ҳизби ҳокими Созмони воҳиди миллии малайзиҳо тақозо дорад, ки сарвазир Абдуллоҳ Аҳмад Бадавӣ ба истеъфо равад. Дар ҷавоб сарвазир гуфтааст, ки агар дар Анҷумани ҳизб ӯро бори дигар ба ҳайси раҳбар тасдиқ накунанд, ҳам аз раҳбарии ҳизб ва ҳам аз курсии сарвазир барканор хоҳад шуд.

Фарҳанги истеъфо

Аз шореҳи Радиои Озодӣ Брайан Витмор мепурсам, чаро дар мамолики ғарбӣ сиёсатмадорон баъди аввалин иттиҳомот ба истеъфо мераванду дар баъзе кишварҳо мансабдоронро тақрибан ҳеҷ чизе ҷумбонда наметавонад.

"Ба фикрам посух возеҳ аст. Кишварҳои ғарбӣ низоми демократӣ доранд ва истеъфо натиҷаи масъулиятшиносӣ аст. Ҳизби шумо ба хотири амалкарди шумо дар интихобот ноком хоҳад шуд. Аз ин рӯ, одатан мансабдоронро ҳизбҳояшон ба ин амал ҳидоят мекунанд, то симои худро дар назди интихобкунандагон ҳифз намоянд. Ин як намунаи ҷавобгӯии демократӣ мебошад. Агар масъулиятшиносиву ҷавобгӯӣ набошад, чаро шумо ба истеъфо равед? Агар интихобот бо тақаллуб сурат гирад ва агар нерӯе дар интихобот натиҷаи дилхоҳашро ба истилоҳ "тавлид" карда тавонад, эҳтиёҷе барои истеъфо намемонад, зеро хилофкории шумо ҳеҷ пайомаде нахоҳад дошт. Дар Амрико одат кардаем, ки конгрессменҳову сенаторон ҳатто дар сурати пайдо шудани шакку шубҳа ба истеъфо мераванд, то номи ҳизб олуда набошад. "

Брайан Витмор меафзояд, масъулиятшиносӣ ба мавқеъгирии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳам вобаста аст. Агар полису додситонӣ хилофкориҳои мансабдоронро нодида бигиранд, фарқ надорад, ки мардум дар бораи онҳо чӣ фикр доранду расонаҳои хабарӣ дар бораи онҳо чӣ менависанд.

XS
SM
MD
LG