Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон: коҳиши интиқоли нерӯи барқ


Оқилбек Туменбоев, муовини вазири саноат, барқ ва захоири маводи сӯхти Қирғизистон, дар як изҳороташ гуфтааст, ки дар кишвар интиқоли нерӯи барқ шабона 7 соат коҳиш дода хоҳад шуд. Ҷорӣ гардидани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ, гуфт ӯ, барои 6 моҳ муқаррар шудааст.

Гуля Мамбеталиева, сухангӯи ҷамъияти сиҳомии «Северэлектро», дар ин маврид ба бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҷорӣ намудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ тибқи дастури вазорати саноеъ, барқ ва захоири маводи сӯхт раҳандозӣ шудааст.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки аз 10-уми апрели соли равон дар саросари қаламрави Қирғизистон интиқоли нерӯи барқ барои шаб коҳиш дода шуд. Дар ҳамин ҳол дар ин кишвар чаҳор шабакаи танзими нерӯи барқ фаъол аст, ки ҷамъияти сиҳомии «Североэлектро» яке аз бузургтарин шабакаҳои танзимкунандаи нерӯи барқ маҳсуб мешавад.
Дар ҳамин ҳол, афзуд хонум Мамбеталиева, ба сокинони хонаҳои бисёрманзилии шаҳри Бишкек, ки барои пӯхтани ғизо аз нерӯи барқ истифода мекунанд, ин маҳдудият таҳдид намекунад.
Ба гуфтаи Гуля Мамбеталиева, ҳамчунин дар муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла шифохонаҳо ва марокизи беҳдоштӣ ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ пешбинӣ нашудааст. Аммо, афзуд ӯ, чунин маҳдудият дар тафреҳгоҳҳо ва муассисаҳои дигари давлатӣ, ки коҳиши барқ дар он ба иқтисоди кишвар ва ҷони одамон хатар эҷод намекунад, ҷорӣ карда шудааст.
Сабаби ҷорӣ кардани ин маҳдудият, ба гуфтаи соҳибназарон, кам шудани ҳаҷми об дар обанбори Тахтагули кишвар будааст: ҳаҷми маъмулии об дар ин обанбор тақрибан 19 миллиард мукаъъаб/метрро ташкил мекард, вале феълан дар инҷо то сатҳи 12 то 14 миллиард мукаъъаб/метр поин шудааст.
Вале ба гуфтаи Гуля Мамбеталиева, дар обанбори Тухтагул дар ҳоли ҳозир танҳо каме беш аз 6,5 миллиард мукаъъаб/метр об боқӣ мондааст.
Чунин ҳол идораҳои танзими барқи кишварро маҷбур кардааст, ки ба хотири ҷамъоварии ҳаҷми ҳарчи бештари об интиқоли нерӯи барқро коҳиш диҳанд. Тавлиди нерӯи барқ дар як шабонарӯз 22 миллион киловатт/соатро ташкил мекунад.
Дар поёни суҳбат Гуля Мамбеталиева таъкид намуд, ки онҳо намехоҳанд мардуми кишварашон чун мардуми Тоҷикистон дар фасли сармо бидуни барқ монад, аз ин лиҳоз илоҷи воқеъаро пеш аз вуқуъ меҷӯянд.
XS
SM
MD
LG