Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» – пешсафи мусобиқаи футболи Тоҷикистон


Дастаи футболбозони "Регар" ТадАЗ
Дастаи футболбозони "Регар" ТадАЗ

Даври севвуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон хотима ёфт.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар севвумин дидори худ тими меҳмон – «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Дар ин дидор Илҳом Ортиқов ду бор тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон кард. Ду голи дигарро Жаилтон Оливейра ва Бахтиёр Ҳасанов ба самар расонданд. Воқеъан, ҳамлагари 24-сола Жаилтон Оливейраи бразилӣ, ки ба иллати лат хӯрдани пояш ҳангоми тамрин дар ду бозии аввал ширкат накард, дар даври севвум ба майдон баромад.

Легионери дигари «Регар» ТадАЗ – ҳамлагари 23-сола Чарлз Накути, аз кишвари Ганаи Африқо ва Бахтиёр Ҳасанов, ки ҳар кадом сетӯбӣ задаанд, дар ҳамин ҳол беҳтарин голзанҳои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Дастаи «Динамо»-и Душанбе пас аз ду ғалаба дар майдони худ дар даври севвум бозиро дар меҳмонӣ бо тими «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи мусовии 2:2 анҷом дод.

CSKA «Помир»-и Душанбе баъди ду бохти паиҳам дар сафар дар севвумин дидори худ бар тими меҳмон – «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи 2:1 пирӯз гардид.

Бад-ин тартиб пас аз се давр «Регар» ТадАЗ бо 9 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифтааст. «Динамо» бо 7 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 6 имтиёз зинаи севвумро касб кардааст.


Вале ду даста – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Энергетик»-и Душанбе, - ки дар ду бозӣ шикаст хӯрдаанд, бидуни имтиёз дар зинаҳои охирини ҷадвали мусобиқа ҷойгир шудаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди се давр

БҒМБТИ
1

«Регар» ТадАЗ

330014-39
2

«Динамо»

32104-27
3

«Парвоз»

22003-16
4

«Равшан»

21013-33
5«Тоҷиктелеком»21011-13
6

«Хуҷанд»

21011-13
7

«Гвардия»

21013-53
8

CSКА «Помир»

31023-83
9

«Саройкамар»

30124-71
10

«Вахш»

20021-30
11

«Энергетик»

20022-50


Даври чаҳоруми мусобиқа бегоҳи 16-уми апрел оғоз шуда, «Регар» ТадАЗ дар ноҳияи Панҷ бо «Саройкамар» ва «Вахш» дар майдони худ бо «Тоҷиктелеком» бозӣ мекунанд. Ду бозии дигари даври чаҳорум 17-уми апрел байни дастаҳои «Энергетик» ва «Равшан», 18-уми апрел миёни тимҳои «Динамо» ва «Гвардия» баргузор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG