Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизакор Берлусконӣ дар интихобот пируз шуд


Силвио Берлусконӣ-сиёсатмадори муҳофизакор ва ғули матбуъотӣ барои бори севум ба ишғоли курсии нахуствазирии Итолиё омодагӣ мегирад. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи сартосарии рузи якшанбе ҳизби Берлусконии 71-сола аксари курсиҳоро ҳам дар маҷлиси болоӣ ва ҳам дар маҷлиси поёнии порламони Итолиё ба даст овардааст. Берлусконӣ ва ҷонибдоронаш 46 дарсади орои интихобкунадагонро соҳиб шудаанд. Эътилофи чапҳои марказгаро ба раҳбарии Волтер Велтронӣ бо 39 дарсад мақоми дуввумро ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG