Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар кобинаи давлати Туркманистон тағирот омад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон дар кобинаи давлати худ Хоҷамурод Гелдимуродовро ҳаштумин муовини нахуствазир таъйин кард. Вай масъули умури бонкӣ ва пули миллӣ хоҳад буд. Хоҷамурод Гелдимуродов дар гузашта семати вазири молияро бар уҳда дошт. Дар ҷаласаи ҳукумат Гелдимурод Абилов-раиси Бонки Марказӣ низ барои "камбудиҳои ҷиддӣ" аз мақомаш барканор шуд. Гуванҷмурод Гекленов раиси бонк таъйин шуд. Қурбонназар Абилов-муовини нахуствазир дар умури иртибототу нақлиёт низ аз мақом сабукдуш шуд.
XS
SM
MD
LG