Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Маскав


Имруз дар Маскав дар чаҳорчубаи омодагиҳо ба ҷашни 1150 солагии Абуабдулло Рудакӣ-сардафтари адабиёти форс-тоҷик консерти ҳунармандони тоҷик баргузор мешавад. Муҳаммади Эгамзод-сухангуи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар ин бора чунин мегуяд:
"Ин ҷашн дар якҷоягӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва бо дастгирии Кумитаи кор бо миллатҳои ин шаҳрдорӣ дар бинои Кохи Миллатҳо баргузор мешавад. Дар консерт гуруҳи бузурги устодони чирадасти шашмақоми муъосири тоҷик ширкат мекунанд".
Дар ин консерт Абдувалӣ Абдурашидов-ягона навозандаи асбоби қадимии сато дар Тоҷикистон низ ҳунарашро пешкаши ҳаводорон мекунад.
XS
SM
MD
LG