Пайвандҳои дастрасӣ

Дар мусобиқаи қаҳрамонии гуштии самбои Тоҷикистон байни ҷавонон дар шаҳри Қурғонтеппа беш аз 200 нафар гуштигирони синнашон аз 18 то 20-сола тӯли ду рӯз қувваозмоӣ карданд.

Чаҳор варзишгари шаҳри Душанбе – Акмолиддин Каримов дар вазни 52 кг, Далер Паллаев (68 кг), Сайвалӣ Ҳалимов (82 кг) ва Абубакр Зоиров (90 кг) – ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.
Се паҳлавони ҷавони вилояти Хатлон – Наҷибулло Ҳабибуллоев (Қурғонтеппа, дар вазни то 46 кг), Далер Шамсов (Кӯлоб, 74 кг) ва Хуршед Назаров (Қурғонтеппа, 100 кг) – бо медалҳои тило мукофотонида шуданд.
Инчунин Хуршед Абдураҳмонов (шаҳри Ваҳдат, 62 кг) ва Шероз Сафаров (ноҳияи Ҷаббор, беш аз 100 кг) мақоми аввалро касб карданд.
Сардовари мусобиқа Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ғолибони ин мусобиқа моҳи июли соли равон шарафи Тоҷикистонро дар сабқати қаҳрамонии Осиё ва октябри ҳамин сол дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон (дар Тошканд) ҳимоя хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG