Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар маркази шаҳри Душанбе


Субҳи 15-уми апрел наздик ба 40 нафар аз сокинони шаҳри Душанбе, асосан занону кӯдакон дар назди Кохи Раёсатҷумҳурии Тоҷикистон даст ба тазоҳурот заданд. Гирдомадагон асосан онҳое буданд, ки дирӯз аз мақомоти ноҳияи ба номи Исмоили Сомонӣ қатъи тахриби манзилҳои худро талаб карданд, вале ҷавоби рад гирифтанд. Яке аз шоҳидони ҳодиса дар сўҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ки кормандони милиса ба тазоҳуркунандагон дарафтода, онҳоро ба автобусҳо шинонданд ва ба самти номаълум бурданд. Тазоҳуркунандагон афроде буданд, ки мақомоти ноҳияи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе манозили онҳоро ғайриқонунӣ эълон карда, дар пайи тахриби ин хонаҳо ва хезондани бошандагони онҳоянд. Интиқоли обу барқ ба ин маҳалла ду сол аст, ки қатъ шудааст.
XS
SM
MD
LG