Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бордюжа аз Гурҷистону Укроин норозист


Дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа бо мақомоти Тоҷикистон масъалаҳои ҳарбии фаъолияти ин иттиҳодро баррасӣ кард. Сафари ӯ ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Маскав гуфтаанд, дар посух ба майли Гурҷистон ва Укроин ба Паймони Атлантики Шимолӣ аъзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ вокуниши ҷиддӣ нишон диҳанд. Худи Бордюжа гуфтааст, ба Тифлис ва Киев бояд таъсир расонд, ки ба роҳи, ба гуфтаи вай "ҳақиқат" баргарданд. Паймони амнияти муштарак, созмони ташкилкардаи Маскав, Арманистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро зери чатри худ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG