Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли фурӯши Вавилон-мобайл


Рӯзномаи русии "Ведомости" аҳамияти вижаи харидории ширкати бузургтарини мобилии Тоҷикистон – Вавилон-мобайл аз сӯйи ширкати «Мобилние телесистеми» ё МТС - и Русияро дар ҳоле ба риштаи таҳлил мекашад, ки музокироти миёни ду ширкат ҳанӯз ба итмом нарасидааст. «МТС» - и Русия бузургтарин ширкати мобилии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ аст, ки сармояаш ҳудуди 31 млрд доллари амрикоиро ташкил мекунад ва 88 млн муштарӣ дорад.

Дар ҳоли ҳозир аксарияти саҳмияҳои як қатор ширкатҳои мобилии Туркманистон, Арманистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва ғайраро дар даст дорад. Коршиносони "Ведомости" гуфтаанд, бо гирифтани аксарияти саҳмияҳои Вавилон Мобайл, ки дар Тоҷикистон 700 ҳазор муштарӣ дорад, МТС нақши раҳбариашро дар фазои ИДМ нигаҳ медорад. Рӯзнома навиштааст, МТС ҳоло мехоҳад 60 дарсади саҳмияҳои Вавилон мобайлро, ки ба сарвари ин ширкат Беҳзод Файзуллоев мансуб аст, ба даст орад. Коршиносони рус қимати эҳтимолии ин муомиларо аз 120 то 500 миллион доллари амрикоӣ ҳадс мезананд.

Дар ҳамин ҳол, оҷонсии Central Asian News мақарраш дар Бишкек навиштааст, МТС мехоҳад саҳмияҳои ширкати тоҷикиро ба қимати арзон ба даст орад, аз ин хотир, музокирот ҳанӯз натиҷае надодааст. Оҷонс менависад, сарвари ширкат Беҳзод Файзуллоев ба фурӯши ҳарчи зудтари Вавилон Мобайл ба ширкати русӣ манфиатдор аст, зеро аз ёҳтимоли аз даст додани саҳмияҳояш хавф дорад. Оҷонсӣ ба нақл аз манбаи номушаххас аз ин ширкат овардааст, доираҳои ба ҳукумати Тоҷикистон наздик мехоҳанд Вавилон Мобайлро аз худ кунанд ва ёҳтимоли оғози ҳуҷум ба ширкат вуҷуд дорад. Оҷонсӣ менависад, ба ихтиёри ширкати русӣ гузаштани саҳмияҳои ширкат дасти даъвогарони дохилиро кӯтаҳ мекунад. ё

"Независимая газета"
нашрияи русӣ равобити Аврупо ва Осиёи Марказиро дар риштаи энержӣ ба риштаи таҳлил кашида, навиштааст, «хешовандони бечора» - Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳамкориҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо ширкат намекунанд. Нашрия бо руҷӯъ ба натиҷаҳои нишасти Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқобод менависад, Аврупо Тоҷикистонро танҳо бо 66 млн евро шод кард, ки барои таҳкими марзҳояш бо Афғонистон ҷудо мешавад. Ба ин маблағ барои хадамоти гумрук ва марзбонии шаш гузаргоҳи миёни Тоҷикистону Афғонистон таҷҳизоти нав харидорӣ мешавад. Нашрия аз қавли мақоми Иттиҳоди Аврупо навиштааст, таҳкими амнияти Тоҷикистон интиқоли маводи мухаддирро ба Аврупо коҳиш медиҳад. Ва нашрия навиштааст, Қирғизистон умедвор аст аз Иттиҳоди Аврупо барои бехатар кардани конҳои фаромӯшшудаи уранаш, ки ба амнияти минтақа таҳдид кунанд, маблағ ба даст орад. Аммо Туркманистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистонро Независимая газета ҳамкорони аслии Иттиҳоди Аврупо дар стратежии энержиаш ном мебарад.
XS
SM
MD
LG