Пайвандҳои дастрасӣ

Буш хостори пешгирӣ аз бӯҳрони хӯрокворӣ шуд


Намояндаи ҳукумати Амрико мегӯяд, президент Ҷорҷ Даблю Буш аз камбуди ҷаҳонии маводи ғизо шадидан нигарон аст ва аз ёварони аршади худ хостааст, имкониятҳои Амрикоро дар рафъи он баррасӣ кунанд. Дар ҷаласаи ҳукуматаш, Буш гуфтааст, кишварҳои пешрафта бояд масъул бошанд ва ба ниёзмандон мадад кунанд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун дар ин байн изҳор дошт, барои ҷилавгирӣ аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ бояд чораҳои дарозмуддат корбаст шаванд.
XS
SM
MD
LG