Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии тарафдорони Берлусконӣ дар интихоботи Итолиё


Тибқи натиҷаҳои пешакии интихобот Силвио Берлусконӣ, ба эҳтимоли қавӣ аз нав сарвазири Итолиё мешавад. Эътилофи нерӯҳои росту марказгарои ӯ барои палатаи болоии порлумон беш аз 47 ва барои палатаи поёнӣ зиёда аз 46 дарсади ройҳоро ба даст овард. Рақиби ӯ, шаҳрдори пешини Рум, Валтер Ветронӣ, ки 38 ва 37 дарсади ройҳоро ҷамъ овард, шикасти худро дар интихобот иқрор кард. Берлусконӣ бори савум дар 14 соли охир сарвазири Итолиё хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG