Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Станишич боз ба таъхир уфтод


Имрӯз Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг оид ба Югославияи собиқ бозрасии парвандаи Ёвитс Станишич, раҳбари пешини хадамоти амнияти миллии Сербияро бори дигар мавқуф гузошт. Ёвитс Станишич ва муовини ӯ Франко Симатович дар ҷиноёти низомии сарбозони таҳти фармонашон дар Хорватия ва Боснӣ дар авоили солҳои навадуми қарни гузашта муттаҳам мешаванд. Онҳо ба гуноҳи худ иқрор накардаанд. Қаблан шурӯъи мурофиа бино ба вазъи бади сиҳати Станишич се бор мавқуф гузошта шуда буд.

XS
SM
MD
LG