Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонӣ аз Тибет дар Непал


Имрӯз тақрибан чаҳор ҳазор фирориёни тибетӣ дар хиёбонҳои Катманду - пойтахти Непал намоишҳо алайҳи саркӯбшавии эътирозҳо дар Тибетро аз сар гирифтанд. Намоиш бо раҳпаймоии сокити ширкаткунадагон шурӯъ шуд, ки ҳамагӣ дар даст шамъ доштанд. Ва аммо баробари ба минтақаи ғарбии Катманду расидан шиорҳои “Озодӣ ба Тибет!” ва “Ба куштор дар Тибет хотима гузоред!” баланд шуданд. Дар ин минтақаи пойтахти Непал ибодатгоҳҳои буддоӣ ва қароргоҳҳои паноҳандагони тибетӣ ҷойгиранд.

Ин дафъа пулис садди роҳи эътирозгарон нашуд. Моҳи гузашта мақомоти ҳифзи тартиботи Непал ҳамин гуна намоиши эътирозиро саркӯб ва даҳҳо нафарро боздошт карда буданд.

XS
SM
MD
LG