Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон аз ҳамлаи Кореяи Шимолӣ ҷилавгирӣ хоҳад кард


Вазирони хориҷаи Русия ва Ҷопон дар Маскав масоили марбут ба ҷазираи баҳсталаб дар марз ва созиши сулҳи миёни ду кишварро баррасӣ карданд. Дар музокироти Сергей Лавров ва Масахико Комура аз ташкили системи дастаҷамъии дифоъи зиддимушакӣ низ сухан рафт. Сергей Лавров гуфт, ки "ин гуна систем метавонад Иёлоти Муттаҳида, Аврупо, Русия ва дигар кишварҳои манфиатдор, аз ҷумла, Ҷопонро муттаҳид созад". Масахико Комура изҳор намуд, ки ҳамкории миёни Токио ва Вошингтон дар бахши дифоъи зиддимушакӣ алайҳи Русия равона нашудааст. Вазири хориҷаи Ҷопон афзуд, кишвараш барои ин иқдом маҷбур шудааст ва мехоҳад аз ҳамлаи имконпазири кишвари ҳамсоя – Кореяи Шимолӣ ҷилавгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG