Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берлусконӣ барои пирӯзӣ шонси бештар дорад


Эътилофи таҳти раҳбарии сарвазири собиқи Италия Силвио Берлусконӣ шонси бештари пирӯзӣ дар интихоботи қабл аз вақти порлумонии ин кишварро дорад. Тибқи назарпурсиҳо дар баромадгоҳи қитъаҳои интихоботӣ, теъдоди бештари мардум аз ин эътилоф пуштибонӣ мекунанд. Дар сурати пирӯзии эътилоф Силвио Берлусконӣ бори саввум дар курсии сарвазири Италия менишинад. Дар интихоботи феълӣ рақиби аслии Берлусконӣ Валтер Велтронӣ - шаҳрдори собиқи Рум ва раҳбари чапгароҳо маҳсуб мешавад.
Тасмим дар бораи интихоботи қабл аз вақти порлумонӣ дар Италия баъди пароканда шудани эътилофи ҳукмрони чапгароҳо таҳти раҳбарии Романо Продӣ гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG