Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши Шерозро таҳқиқ доранд (навори видеоии таркиш)


Дар Ҷумҳурии исломии Эрон таҳқиқи инфиҷор дар масҷиди шаҳри ҷанубии Шероз идома дорад. То ҳанӯз сад дар сад маълум нест, ки сабаби таркиш, ки ҳаёти 12 нафарро аз байн бурда, беш аз 200 каси дигарро маҷрӯҳ намуд, чист?

Як идда рӯзномаҳои эронӣ навиштаанд, ки таркиш тасодуфан ба вуқӯъ пайваст, вале нашрияҳои дигар ҳамлаи даҳшатафканони номаълумро аз эҳтимол дур намедонанд.

Иброҳим Азизӣ, волии Шероз гуфтааст, намехоҳанд қабл аз таҳқиқи муфассали ҳодиса хулоса бароварда шавад. Раиси Додгоҳи ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимӣ Шаҳрудӣ дастур додааст, ки муассисаи таҳқиқоти давлатӣ ва вазорати адлия бо таҳқиқи таркиш машғул шаванд.

Шероз яке аз ҷойҳои дӯстдошаи сайёҳони хориҷӣ мебошад ва агар собит шавад, ки дар масҷиди ин шаҳр ҳамлаи террористӣ ба амал омадааст, шояд сайёҳон камтар аз Шероз зиёрат кунанд.

Яке аз рӯзномаҳои эронӣ дар шумораи имрӯзааш пурсидааст? Инфиҷор тасодуф аст ва ё ҳамла? Бо ҳамин суол ба шореҳи Радиои Фардо Ниюшаи Буғротӣ муроҷиат мекунам. Посухи ӯро метавонед бо пахши ишораи аудио даркунҷи рости сомона бишнавед.

XS
SM
MD
LG