Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Машъали олимпӣ вориди Покистон мешавад


Раиси Ассосиатсияи олимпии Покистон изҳор намуд, ки масири раҳпаймоӣ бо машъали олимпӣ тағйир хоҳад хурд. Ориф Ҳасан ҳамчунин изҳори итминон кард, ки дар Покистон намоишҳои эътирозии зидди Чин баргузор нахоҳанд шуд. Интизор меравад, ки машъали олимпӣ субҳи рӯзи сешанбе вориди Исломобод, пойтахти Покистон шавад.
Чин аз ҳампаймонҳои наздики тиҷоратии Покистон маҳсуб мешавад. Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури Покистон раҳбарони кишварҳои Ғарбро барои бо сиёсат омехтани Бозиҳои олимпии тобистона дар Чин танқид карда буд.

XS
SM
MD
LG