Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши эътимоди доираҳои тиҷоратӣ ба Тоҷикистон


Трейси Энн Ҷейкобсон

Трейси Энн Ҷейкобсон

Сафири Амрико дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон бар ин аст, ки эътимоди доираҳои тиҷорӣ ва ниҳодҳои молии ИМА ба ин кишвар коҳиш ёфтааст.

Хонум Ҷейкобсон зимни боздид аз ноҳияи Шаҳритус, 200-километрии ҷануби Душанбе, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, қазияи Сандуқи байнулмилалии пул (СБП) натанҳо бовари созмонҳои байнулмилалии молӣ ба Тоҷикистонро андаке шикаст дод, балки дар роҳи рушди соҳибкории инфиродӣ низ мушкил эҷод кард.
Сафири Амрико бо изҳори умедворӣ аз баргузории аудити шаффоф афзуд, ҳукумати Тоҷикистонро мебояд дубора барои ҷалби таваҷҷуҳ ва эҳёи эътимоди ҷомиъаи байнулмилалӣ ба ин кишвар таҷдиди назар бикунад: «Вақти он аст, ки Тоҷикистон боварии ниҳодҳои байнулмилалии молиро дубора барқарор намояд, эътимодеро, ки пас аз бо ироъаи маълумоти ғайривоқеъӣ ба даст овардани қарз аз Сандуқи байнулмилалии пул, аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон, то андозае аз даст рафтааст. Bа ин ҳама дар ҳоле даст хоҳад дод, ки Тоҷикистон ба сурати шаффоф аудити байнулмилалиро баргузор ва тамоми китобҳои ҳисобу ҳасабашро барои намояндагони СБП боз бикунад. Дар ин ҷо муҳим аст, натанҳо Бонки Миллӣ, балки куллия ниҳодҳои давлатӣ, ки бо пешниҳоди маълумоти нодуруст қарзи СБП-ро дарёфтаанд, ин дафъа иттилоъи воқеӣ ва озоду шаффофро доир ба вазъи молию иқтисодии кишварро ироа намоянд. Ҳукумати Тоҷикистон низ ба навбаи худ расман қавл додааст, ки аудити байнулмилалиро сад дар сад шаффофу воқеъӣ доир мекунад ва мо ба ин умед мебандем».
Ёдрас мекунем, ахиран Сандуқи байналмилалии пул давлати Тоҷикистонро айбдор намуд, ки қарзҳои ин созмонро бар пояи маълумоти нодуруст дарёфт кардааст ва бояд 47,4 миллион доллар аз қарзҳои гирифтаашаз ин созмонро баргардонад.
СБП гуфтааст, ин барои шашумин бор аст, ки мақомоти Тоҷикистон бо ироаи иттилоъи ғайривоқеъӣ кумакҳои молии ин созмонро дарёфтааст. Дар 5 дафъаи гузашта ҷамъан 79 миллион доллар, ки бояд барои иҷрои барномаи коҳиши фақр дар Тоҷикистон масраф мешуд, аз сӯи мақомоти ин кишвар дарёфт шудааст. СБП 100 миллион доллари қарзи Тоҷикистонро бахшидааст, аммо Тоҷикистон бояд наздик ба 48 миллион доллари дар натиҷаи ироаи иттилоъи нодуруст дафъаи шашум ба даст овардаашро бозпас гардонад.
Ҳамакнун пас аз баргузории аудити байнулмилалӣ аз сӯи муҳосибони хориҷӣ, ташрифи намояндагони СБП ба Тоҷикистон дар назар аст. Онҳо бо амалиёти Бонки миллӣ ва ниҳодҳои молию иқтисодии Тоҷикистон, аз он миён ширкатҳои азим, назири «Барқи тоҷик» ва ТАЛКО шинос шуда ва дар пайи ин ҳама тасмимоти ниҳоии СБП-ро нисбат ба Тоҷикистон эълом хоҳанд кард.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон дар ин иртибот гуфт, намехоҳад бигўяд, ки СБП бо тақозои бозгардони қариб 48 миллион доллари қарзаш Тоҷикистонро ба муҷозот кашиданист, аммо ин ниҳоди байнулмилалӣ мехоҳад ҳукумати Тоҷикистон бо ворид намудани ислоҳоти бунёдии иқтисодӣ аз дигарбора сар задани чунин қазияҳо ҷилавгирӣ бикунад.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта вазири умури хориҷаи Фаронса Бернар Кушнер дар пайи мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо таъкид ба заъфу камсамарии иқтисод ва тиҷорат дар Тоҷикистон, гуфта буд, ки ҳукумати ин кишварро мебояд эътимоди сармоягузорони хориҷиро ба даст оварда ва низоми бюрократии давлатдориро барҳам зада, шарту шароити бастани қарордодҳоро барои ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон содатар бикунад.
XS
SM
MD
LG