Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи Станишич шурӯъ мешавад


Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ваё Гаага оид ба Югославияи собиқ имрӯз бозрасии парвандаи Ёвитс Станишич, раҳбари пешини хадамоти амнияти миллии Сербияро шурӯъ мекунад. Ёвитс Станишич ва муовинаш Франко Симатович дар ҷиноёти низомии сарбозони таҳти фармонашон дар Хорватия ва Босния дар авоили солҳои навадуми қарни гузашта муттаҳам мешаванд. Онҳо то ҳанӯз ба гуноҳи худ иқрор накардаанд. Шурӯъи мурофиа чанд бор бино ба вазъи сиҳати Станишич мавқуф гузошта шуда буд.

XS
SM
MD
LG