Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои Далай-лама аз хушунат дар Тибет


Далай-лама бори дигар изҳор кард, ки дар сурати аз назорат берун шудани вазъ дар Тибет аз ширкат дар раванди ҳалли қазияи ин минтақа канор хоҳад рафт. Раҳбари рӯҳонии Тибет дирӯз дар шаҳри Сиэтли Амрико ба хабарнигорон гуфт, ки “агар хушунат идома ёбад, ман фақат як роҳ хоҳам дошт – канор рафтан”. Далай-лама аз Пекин даъват кард, ки аз хушунат парҳез кунад ва иттиҳомотро дар мавриди талошҳои аз Чин ҷудо кардани Тибет рад намуд.
Мақомоти Чин раҳбари рӯҳонии буддоиҳои Тибетро дар ташкили нооромиҳо дар маркази вилоят - шаҳри Лҳаса ва устонҳои ҳамсоя муттаҳам мекунанд. Тазоҳуроти тибетиҳо бо талаби истиқлоли минтақа ва таҳрими Бозиҳои олимпии тобистона дар Чин аз сӯи пулиси кишвар саркӯб гардид. Ба иттилоъи ғайрирасмӣ, дар ин ҳодиса беш аз сад нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG