Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ғофилгирона ба постгоҳи пулис


Дар вилояти Қандаҳори Афғонистон бар асари як ҳамлаи ғофилгиронаи толибон 11 корманди пулис кушта шуданд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллии ҳифзи тартибот, яке аз кормандони пулис ҷосуси толибон буд. Ӯ дари постгоҳро ба рӯи толибон боз кард ва кормандони пулис ҳатто барои муқовимат имкон наёфтанд.

Ба иттилоъи ғайрирасмӣ, соли гузашта бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ ва сӯиқасд аз сӯи мухолифини ҳукумат беш аз 900 корманди пулиси Афғонистон кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG