Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳси Олимпиада ва вазъ дар Тибет


С. Ҳадлӣ: "Шарт нест олимпиадаро ташрим кард..."
С. Ҳадлӣ: "Шарт нест олимпиадаро ташрим кард..."

Раҳбари рӯҳонии Тибет Далай-лама эълом намуд, ки итоъати Тибет ба Чин беш аз он, ки феълан ҳаст, наметавонад бошад.

Далай-лама, ки феълан дар хиҷрат ба сар мебарад, ҳама иддаъоҳои мақомоти Пекинро, ки гӯиё вай ба ҷудошавии Тибет аз Чин даъват кардааст ва сарзадани хушунатҳоро ангезиш додааст радд намуда гуфт, ки, баракс, тарафдори дастёбии Тибет ба худмухторӣ дар таркиби Чин мебошад. Вай дар нишасти матбуъотӣ дар шаҳри Сиэтли ИМА изҳор намуд, ки тамоми ҷаҳон медонад Далай-лама роҳҳои соҳибистиқлолӣ ва ҷудошавиро намеҷӯяд. Ӯ даъват кард, то Пекин ҳамлаҳоро болои ватанаш коҳиш диҳад.

Дар инҷо Далай-лама, аз ҷумла, гуфт, ки мардуми Тибет алайҳи баъзе мақомдорони чиноӣ мубориза мебарад, на бо мардуми Чин. Раҳбари Тибет изҳори нигаронӣ кард, ки, агар вазъи дар Тибет баамаломада идома ёбад, ҳукумат ба онҷо нерӯи бештар ворид намуда, мардуми Тибетро азияти бештар медиҳад.
Раҳбари рӯҳонии буддоиён афзуд, ки, агар Чин юришашро мутаваққиф кунад, дар ин ҳол вай ба мардуми Тибет машварат хоҳад дод, то эътирозҳоро хотима диҳанд.
Ин ҳам дар ҳолест ки, С. Ҳадлӣ, мушовири раисҷумҳури ИМА дар умури амнияти миллӣ, изҳори ақида кард, ки, агар бархе кишварҳо бо нишони эътироз ба саркӯбиҳо дар Тибет аз ширкат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин худдорӣ кунанд, ин як гурези номардона аз воқеъият хоҳад буд. Дипломатияи оромонае, ки ҳукумати Амрико ба он пайравӣ мекунад, гуфт ӯ, дигар роҳеро дар назар дорад ва дар ивази мухолифати рӯирост беҳтар аст ба сарварони Чин паёме фиристод.
Дар ҳамин ҳол, Ҷорҷ Буш, президенти ИМА, дар мавриди имкони сарфи назар карданаш аз ҳузур дар маросими ифтитоҳи олимпиада ягон ишорае накардааст. Ҳафтаи гузашта расиҷумҳури Амрико ба такрор эълом намуд, ки Бозиҳои олимпӣ ин рӯйдоди ғайрисиёсӣ ва сирф варзишист. Бо вуҷуди ин, Кохи Сафед то ба ҳол ширкати Ҷорҷ Бушро дар ин маросим тасдиқ ё такзиб накардааст.
Ба ақидаи оқои Ҳадлӣ, агар вазъи Тибет баъзе кишварҳоро дар ҳақиқат нигарон мекунад, онҳо бояд аз ИМА ибрат бигиранд ва аз тариқи дипломатияи мусолиматомез ба мақомоти Пекин ошкоро нишон диҳанд, ки тамоми ҷаҳон ба ин рӯйдодҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ва беҳтараш, афзуд ӯ, ин кишварҳо бояд ба мақомоти Пекин маҳрамона фишор биоварданд, то бо намояндагони раҳбари рӯҳонии Тибет Далай-лама мулоқот кунанд.
XS
SM
MD
LG