Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Моликӣ озими Бруссел шудааст


Ин ҳафта нахустин сафари расмии сарвазири Ироқ, Нурӣ ал-Моликӣ ба Бруссел барпо шуда, дар он ҳамкориҳои Бағдод бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ хоҳанд шуд. Интизор меравад, дар ин сафари дурӯза масъалаҳои таҳкими равобити сиёсӣ, низомию амниятӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ баҳс шаванд. Дар Бруссел сарвазири Ироқ ҳамчунин бо дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Яап де Ҳуп Схеффер низ мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG