Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳодҳои Эрон ба шашгонаи байнулмилал


Мақомоти Эрон мегӯянд, маҷмӯъи пешниҳодҳоеро омода кардаанд, ки қарор аст, ба рӯёрӯии ҳастаии Теҳрон бо Ғарб хотима гузорад. Вазири умури хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ гуфт, ин пешниҳодҳо дар мулоқоти Эрон бо аъзои доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо изофаи Олмон матраҳ хоҳанд шуд. Вай тафсилоти дигаре надод, аммо дар ин байн, раиси Созмони нерӯи ҳастаии Эрон, Ғуломризо Оқозода, мулоқоти рӯзи душанбе бо Муҳаммад Ал-Барадеӣ, раиси Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаиро лағв кард.
XS
SM
MD
LG