Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониён дар Шероз


Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки ҳангоми таркиш дар масҷиди шаҳри Шероз, 12 нафар кушта ва 202 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Фармондеҳи идораи пулиси устони Форс Алии Муъайирӣ гуфт, зоҳиран ин инфиҷор ба сабаби саҳлангорӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи вай, баъди намоишгоҳи чанде пеши бахшида ба солгарди ҷангҳои Эрону Ироқ, бо саҳлангорӣ баъзе аз муҳимоти ҷангиро фаромӯш кардаанд ва шояд ин муҳимот таркида бошад. Телевизиони Эрон саҳнаи маросими мазҳабӣ ва таркишу ба ваҳшат афтодани ибодаткунандагонро намоиш дод. Инфиҷор шаби шанбе зимни мавъизахонӣ сурат гирифтааст ва дар ин маросим ҷараёни тундгарои ваҳҳобия ва мазҳаби баҳоияро, ки дар Эрон мамнӯъ аст, маҳкум мекардаанд.

XS
SM
MD
LG