Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи ороми машъали олимпӣ


Машъали Олимпӣ имрӯз дар роҳи ҳаракати худ ба сӯи шаҳри Пекин макони баргузории бозиҳои олимпии тобистона ба кишвари африқоии Танзания расид. Муовини раиси ҷумҳури ин кишвар Муҳаммад Шоҳин машъали олимпиро афрӯхт ва онро ба вазири умури хориҷа Сайф Хатиб супурд. Машъали олимпӣ дар шаҳри Доруссалом пойтахти Танзания ба масофаи панҷ километр бурда шуд ва акнун қораи Африқоро тарк мекунад. Маросими машъалбардорӣ дар чанд кишвари Аврупо ва шаҳри Сан - Франсискои Амрико бо тазоҳурот халадор шуд. Тазоҳургарон бо нишони эътироз аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Чин ба чунин иқдом даст заданд.
XS
SM
MD
LG