Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони ироқиро аз артиш рондаанд


Ҳукумати Ироқ тақрибан 1300 сарбоз ва маъмурони пулисро аз кор рондааст, зеро онҳо моҳи гузашта аз ширкат дар амалиёт ба зидди мусаллаҳони шиъамазҳаб ва унсурҳои ҷиноӣ сарпечӣ кардаанд ва ё аз ҷанг дар шаҳри Басра гурехтаанд.

Сухангӯи вазорати умури дохилаи Ироқ, Абдулкарим Халаф гуфт, 921 кормандони пулис ва сарбозон дар шаҳри Басра аз кор ронда шуданд. Боқимондаи онҳо аз шаҳри Кут будаанд. Даргириҳо миёни нерӯҳои ироқӣ ва шибҳанизомиён дар Басра охири моҳи март хотима ёфт вале, ҷангҳои пароканда дар шаҳраки Садри Бағдод як такягоҳи аслии руҳонии тундрави шиъамазҳаб Муқтадо Садр идома дошт.

XS
SM
MD
LG