Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиккаҳои эронӣ дар сарзамини викингҳо


Викингҳои Скандинавия беш аз 1000 сол пеш аз сиккаҳое ба унвони пул истифода мекарданд, ки дар Императории Форс сохта шуда буданд.

Ва ин ҳам исботи дигари он аст, ки викингҳо бо тоҷирони Машриқзамин дар ҳамон аҳдҳои қадим низ тиҷорат мекарданд ва ин додугирифт қарнҳо шукуфо монд. Луис Эванӣ, бостоншинос аз маҳалли кашфи ин сиккаҳо дар минтақаи Сундведаи Шветсия мегӯяд, ин сиккаҳои кашфшуда яке аз бузургтарин ганҷҳои ин давраи таърих аст.

Пеш аз ин дар Шветсия сиккаҳоро аз дили хок кашф карда буданд ва охирин бор дар соли 1820 милодӣ, аммо на ба ин теъдоди азим. Бостоншинос Луис Эванӣ мегӯяд, ки ҳаргиз чунин сиккаҳоро надида буд, ки дастнохӯрда ва олӣ боқӣ монда бошад.

“Қоматбаланд мисли як дарахти нахл ҳастанд, зарду сафед. Ҳар мард як табар, як шамшер ва як теғ дорад. Онҳо аз сар то гарданашон холкӯбиҳои тираранги сабз доранд.” - Ин тавсифи шоири Араб Аҳмад ибн Фазлон аст, ки баъди аввалин дидораш бо тоҷирони викинг дар ҷануби Русия дар асри 10 онҳоро чунин тасвир кардааст. Бозаргонони викинг бо худ пашму пӯстин, каҳрабо, асал ва ғулом барои фурӯш доштанд ва дар ивази он шиша, абрешим ва сиккаҳои нуқраии эронӣ мехостанд.

Хонум Луис Эванӣ мегӯяд, сиккаҳои нуқра аз онҷо арзишманд буд, ки викингҳо симу зар надоштанд. Вай меафзояд, мусалламан вақте онҳо ба шаҳру диёрашон бозмегаштанд, сиккаҳои нуқра нишонае аз ҷоҳу ҷалолу шавкат барои онҳо буд.

Бостоншиносони Шветсия дар ҳоли баррасӣ ва баҳс дар бораи ин масъала ҳастанд, ки ин сиккаҳо як навъ ҳадя дар ойини парастиши викингҳо ба ниёгонашон будааст, зеро гӯристоне, ки сиккаҳоро аз он ёфтанд, ҳазор сол пештар аз сиккаҳо қадимитар будааст. Аммо бостоншиносон ин масъаларо низ матраҳ мекунанд, ки шояд сиккаҳоро ба манзури ҳифозат дар онҷо мадфун кардаанд. Ба тавваҷӯҳ ба фарҳанг ва бовари викингҳо, дар ҳақиқат гӯр амнтарин ҷо барои пинҳон кардани ҳар ганҷе буд.

Возеҳ аст, ки викингҳо сикка надоштанд ва муддатҳо баъд ба сикка задан шурӯъ карданд, вале онҳо сиккаҳои ҳангоми додуситад ба дастовардаашонро гудохта олоти зебу зиннат месохтанд ва ё пораҳои онро дар додугирифтҳои иҷтимоии худ дар саросари Скандинавия истифода мекарданд.

XS
SM
MD
LG