Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи саросарии Итолиё оғоз шуд


Дар Итолиё имрӯз интихоботи саросарӣ оғоз шуд. Силвио Берлусконӣ - нахуствазири собиқи муҳофизакори Итолиё, ки тайи 14 соли бори саввум мехоҳад, нахуствазир шавад, бо мири шаҳри Рум Валтер Ветронӣ намояндаи нерӯҳои чапи марказгаро рақобат мекунад. Бар асоси назархоҳиҳои ахир, Силвио Берлусконӣ шанси бештари пирӯз шуданро доштааст, ҳарчанд теъдоди зиёди раъйдиҳандагон ҳанӯз ҳам ба қарори қатъӣ наомадаанд.

XS
SM
MD
LG