Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти инфиҷор дар масҷиди Шероз


Мақомоти Эрон мегӯянд, инфиҷор дар масҷиди шаҳри Шероз, ки 11 нафарро кушт, эҳтимолан ба сабаби саҳлангорӣ сурат гирифтааст. Раиси идораи пулиси устони Форс Алии Муъайирӣ гуфт, шояд муҳимоти ҷангие, ки аз намоишгоҳи пешина бахшида ба солгарди ҷангҳои Эрону Ироқ таркида бошад. Дар инфиҷори шаби шанбе дар масҷиди Шероз ҳамчунин 191 нафар маҷрӯҳ шуданд. Тибқи гузоришҳо, ин таркиш зимни ваъзи як рӯҳонӣ сурат гирифтааст ва ин рӯҳонӣ ҳангоми вазъ ҷараёни тундгарои ваҳҳобия ва мазҳаби баҳоияро, ки дар Эрон мамнӯъ аст, маҳкум мекард.

XS
SM
MD
LG