Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мӯҳтоҷи кӯмакҳои ғизоӣ


Муассисаи кишоварзии Созмони Милал дигарбора аз болоравии қиммати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон ибрози нигаронӣ кард. Ин созмон зимни нашри гузорише, аз ҷумла афзоиши қиммати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистонро ёдовар шуда ва гуфтааст, вазъ дар ин кишвар бахусус ҷиддӣ мемонад. Ба гуфтаи муассисаи кишоварзии Созмони Милал дар Тоҷикистон боло рафтани қиммати маводи ғизоӣ онро барои мардуми камбизоат боз ҳам дастнорастар мекунад. Дар Тоҷикистон аз оғози соли равон қиммати маводи ғизоӣ ду маротиба боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG