Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаби хунини дигари Бағдод


Дар ҷараёни набардҳои шаби гузашта дар шаҳраки Садри пойтахти Ироқ шаҳри Бағдод дасти кам 13 нафар кушта шудаанд. Дар ин шаб нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ бо ҳимояти ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба зидди афроди мусаллаҳи вафодор ба рӯҳонии шиъамазҳаб Муқтадо Садр ҷангиданд.
Пештар аз ин даргириҳо, Риёз Ал-Нурӣ - яке аз ёварони олирутбаи Муқтадо Садр, дар шаҳри муқаддаси Наҷаф аз тарафи як фарди ношинос кушта шуд. Ба иллати авҷ гирифтани тирандозиҳо дар шаҳри Наҷаф қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG