Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш: "Нияти ҳамла ба Эрон надорем"


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, кишвараш ҳеҷ гуна нияти ҳамла ба Эронро надорад, вале гуфт ӯ, Иёлоти Муттаҳида амрикоиҳову ироқиёнро аз амалкардҳои Эрон дар Ироқ ҳимоят хоҳад кард. Ҳангоми мусоҳиба бо телевизиони Эй Би Си – и Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, тамоми роҳҳо барои бархӯрд бо Эрон, аз ҷумла истифода аз роҳи низомӣ матраҳ аст, вале Амрико аввал ба роҳи дипломатӣ бартарӣ медиҳад. Ҷорҷ Буш Эронро муттаҳам кардааст, ки мехоҳад силоҳи атомӣ бисозад ва гурӯҳҳои мухолифи Амрико дар Ироқро сармоягузорӣ мекунад. Аммо ҳукумати Эрон ин иддаъоҳоро беасосо меномад.

XS
SM
MD
LG