Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даврони душвори иқтисоди ҷаҳонӣ


Вазирони молияи ҳафт кишвари санъатии ҷаҳон мегӯянд, иқтисоди ҷаҳонӣ "даврони душвореро пеши рӯ дорад. Вазирони молия ва раисони бонкҳои миллии Гурӯҳи Ҳафтгона ҷаҳон гуфтанд, ки бозорҳои молӣ ҳамчунон нишебу фарозҳоеро дар пеш доранд ва бесуботии онҳо назар ба ончӣ ки пеш тассавур мешуд, мушкили давомдоре будааст.
Мақомоти Гурӯҳи Ҳафтгона барномаеро муаррифӣ карданд, ки ҳадаф аз он афзоиши шафофият дар фаъолияти бозорҳои молӣ ва ҷилавгирӣ аз такрори бӯҳрони қарзӣ дар Амрикост, ки ҳамин бӯҳрон бозорҳои молии ҷаҳонро дучори талотум кард.

XS
SM
MD
LG