Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машъали Олимпӣ дар Буэнос Айрес аст


Машъали олимпӣ имрӯз дар Буэнос Айрес, пойтахти Аргентина аст ва қарор аст соати 10 шом ба вақти Душанбе маросими интиқоли он шурӯъ шавад. Дар пайи намоишҳои эътирозии зиддичин дар Лондону Парижу Сан-Франсиско, мақомоти Буэнос Айрес ҳам садҳо афсари полис ва ходимони амниятиро барои таъмини тартибу интизоми ин маросим сафарбар карданд. Фаъолони ҳуқуқи башар, ки аз Тибет ҷонибдорӣ мекунанд, гуфтанд, ки раҳпаймоии бидуни хушунатро дойир хоҳанд кард. Як мақоми олимпии Чин гуфт, ки ташаббускорони бозӣ талош хоҳанд кард, дар идомаи роҳи машъали олимпӣ аз сар задани ҳар гуна беназмиҳову ошӯбҳо ҷилавгирӣ кунанд. Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Жак Рогге гуфт, ки нақшаи онҳо барои тавассути Тибет гузар кардани машъали олимпӣ бетағйир мемонад.
XS
SM
MD
LG