Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари коммунистҳои Шангҳай зиндонӣ шуд


Расонаҳои давлатии Чин эълон карданд, ки раҳбари пешини ҳизби коммунисти Шангҳай Чен Лиангуй ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Оқои Чен аз аввалин мақомоти баландпояи Чин аст, ки дар тӯли даҳ соли охир барои мӯҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон мешавад. Додгоҳе дар шимоли кишвар Чени 61-соларо дар берун рафтан аз салоҳиятҳои хизматӣ ва ришвахорӣ муттаҳам донист. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки ин раҳбари коммунистҳо дар миёнаҳои солҳои 2006 садҳо миллион доллар маблағҳои Сандуқи бознишастаҳоро ба ғорат бурдааст.
XS
SM
MD
LG