Пайвандҳои дастрасӣ

Мушовири Муқтадо Садр кушта шуд


Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Наҷафи Ироқ яке аз мақомоти баландпояи ҷумбиши шӯришии шиамазҳаб Муқтадо Садр ҳадафи тири гурӯҳи мусаллаҳе қарор гирифт. Полис ва мақомоти ҷумбиши Садр гуфтанд, ки Риёд Нурӣ дар роҳи бозгашт аз намози ҷумъа дар назди манзилаш кушта шуд. Вай раҳбари дафтари ин ҷумбиш дар шаҳри Наҷаф будааст. Шурӯъ аз охирҳои моҳи март даргирии миёни ҷангиёни артиши Маҳдӣ бо сарбозони ҳукуматӣ дар шаҳри ҷанубии Басра идома дорад.
XS
SM
MD
LG