Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳандозии кори "садҳо сентрифугаҳои нав" дар Эрон


Хабаргузории расмии ИРНО мегӯяд, ки Эрон фаъолияти садҳо сентрифугаҳои ғанисозии ураниумро дар бузургтарин корхонаи атомиаш ба кор андохтааст. ИРНО мегӯяд, ки феълан дар корхонаи "Натанз"-и Эрон 492 сентрифугаи нав амал мекунад. Ва изҳороти нав дар шароите садо медиҳад, ки СММ муддатҳост бенатиҷа аз Ҷумҳурии Исломӣ хатми фаъолиятҳои ғанисозиро тақозо мекунад. Ғарб ҳарос дорад, ки Эрон дар андешаи тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ мебошад. Ахиран раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинаҷод эълон кард, ки Эрон дар андешаи насби боз 6000 сентрифугаи дигар дар қабати зеризаминии корхона мебошад.
XS
SM
MD
LG