Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори раҳбарони Молдоваву минтақаи Наздиднестр


Раиси ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин ва раҳбари минтақаи ҷудоихоҳи Наздиднестр барои ҳалли баҳси 16-солаи худ сари мизи гуфтугӯ нишастанд. Бахши молдавании радиои Озодӣ мегӯяд, ки Воронин ва раҳбари эътирофношудаи ин минтақа Игор Смирнов дар шаҳри Бендерии марбут ба ҷудоихоҳон мулоқот мекунанд. Ин нахустин мулоқоти ду раҳбар баъди соли 2001 аст. Ду сол аст, ки мақомоти ду ҷониб барои ҳалли баҳси деринаи худ сари мизи гуфтугӯ мешинанд.
XS
SM
MD
LG