Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон се қитъаи заминро ба Қазоқистон медиҳад


Парлумони Қирғизистон рӯзи ҷумъа як созишномаи марзиро бо Қазоқистон ба тасвиб расонид, ки тибқи он, се қитъаи замини воқеъ дар қаламрави Қирғизистон ба ихтиёри Қазоқистон вогузор мешавад. Зимни овоздиҳӣ барои қабули тарҳи ин созишнома, ки ҳанӯз соли 2003 дар аҳди Аскар Оқоев эҷод шудааст, 65 вакил раъйи мувофиқ ва 14 нафар раъйи мухолиф доданд. Рӯзи панҷшанбе полис 50 фаъоли аҳзоби мухолифинро, ки зидди қабулшавии ин созишнома шиор мепартофтанд, боздошт кард.
XS
SM
MD
LG