Пайвандҳои дастрасӣ

Қадамҳои аввали Босния дар роҳ ба Иттиҳодияи Аврупо


Баъди ин ки парлумони Босния барномаи муҳими ислоҳи низоми полисро қабул кард, раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки умедвор аст ҷараёни пазириши Босния ба ҳайати Иттиҳодияи Аврупо бетаъхир пеш хоҳад рафт. Раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупоро феълан Словения ба ӯҳда дорад ва мегӯяд, ки умедвор аст дар фурсати кӯтоҳ Созишномаи тиҷорат ва кӯмак бо ин кишвар ба имзо мерасад. Ин муҳимтарин санадест, ки чун қадами аввал барои узвияти кишвар дар ҳайати Иттиҳодияи Аврупо шинохта мешавад.
XS
SM
MD
LG