Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии созмонҳои журналистии Тоҷикистон


Созмонҳои ҳомии озодии баён дар Тоҷикистон бо пахши изҳороте рӯзи ҷумъа нигаронии ҷиддии худро нисбати ҳодисаи лату кӯби хабарнигори радиои "Ватан" ва қатъи пахши барномаҳои радиои "Имрӯз" баён карданд. Чунин изҳоротро се ташкилоти аслии мудофеи ҳуқуқи хабарнигорон - Иттифоқи журналистон, Анҷумани расонаҳои миллии Тоҷикистон ва Медиа-Алянс пахш карданд. Шурӯъ аз 8 апрели соли ҷорӣ барномаҳои радиои "Имрӯз" бо сабабҳои номаълум қатъ шудааст. Раҳбарияти радио сабаби инро дар пеш омадани мушкилоти фаннӣ мегӯянд.
XS
SM
MD
LG