Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои фаронсавӣ дар Афғонистон афзоиш меёбанд


Шумори нирӯҳои фаронсавӣ, ки дар Афғонистон хизмат мекунанд, то ҳудуди 3000 нафар афзоиш хоҳанд ёфт, гуфт вазири хориҷаи Фаронса Бернар Кушнер зимни боздидаш аз Душанбе. Вай дар баробари хабарнигорон рӯзи ҷумъа гуфт:

"Фаронса ният дорад ба Афғонистон як баталон сарбозро фиристад. Шумори дақиқи нирӯҳоро гуфта наметавонам, чунки ин тасмими низомиҳо хоҳад буд, аммо гуфта метавонам, ки ҳудудан 3000 низомии фаронсавӣ дар Афғонистон мустақар хоҳанд шуд. Ин тасмими раиси ҷумҳурии мо аст ва он тасодуфӣ нест. Вай бо як мактуб ба унвонии ҳама аъзои эътилоф муроҷиат карда дар ин бора хабар дод".

Раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ моҳи ҷорӣ дар нишасти НАТО гуфт, ки ният дорад шумори нирӯҳои кишварашро дар Афғонистон то як ҳазор нафар афзоиш диҳад. Бернар Кушнер, раҳбари сиёсати хориҷии Фаронса гуфт, ки кишвари вай барои бозсозии фурудгоҳи Душанбе 25 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Имрӯз вай инчунин дар маросими кушоиши сафорати Фаронса дар Тоҷикистон иштирок кард.

XS
SM
MD
LG