Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллионҳо доллари қирғизҳо аз кисаи сайёҳон


Дар Қирғизистон мавсими тобистонаи сайёҳӣ наздик мешавад. Қобил ба ёдоварист, ки ҳамасола туризм ба буҷаи ин кишвар садҳо миллион доллари амрикоӣ мафод овардааст.

Турусбек Мамашев, мудири Оҷонси давлатии туризми Қирғизистон таи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ пиромуни ин мавзӯъ гуфт, ки кишвараш аз сайёҳӣ даромади боз ҳам бештарро чашмдор аст. Ба гуфтаи оқои Мамашев, соли 2006 ба буҷаи Қирғизистон аз ҳисоби сайёҳӣ беш аз 160 миллион доллари амрикоӣ сармоя ворид шуд. Вай афзуд, ки аммо соли 2007 аз ин ҳисоб ба буҷаи кишвараш 342 миллион сармоя ворид гардид, ки бешак дар мавриди беҳбуди вазъи иқтисодиву иҷтимоъии Қирғизистон ва мардуми он мусоидат хоҳад кард.

Турусбек Мамашев мегӯяд, 28 апрели соли равон дар майдони марказии «Алатоо», воқеъ дар шаҳри Бишкек, ярмаркаи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Сайёҳӣ ва саёҳат» ифтитоҳ хоҳад ёфт, ки намояндагони ширкатҳои сайёҳии соири кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин ширкатҳои беш аз 25 кишвари ҷаҳонро гирди ҳам хоҳад овард. Ҳамсӯҳбатам афзуд, дар оғози мавсими имсола дар чаҳорчӯби ярмаркаи мазбур роҳандозии фестивали байнулмилалии ҳунармандӣ низ дар назар аст, ки бори нахуст сурат хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи Турусбек Мамашев, дар таҷаммӯъи фарҳангии «Аалам Ордо»-и соҳили баҳри Иссиқкӯл озмуни «Олиҳаи ҳусни ҷаҳонгардӣ-2008» низ барномарезӣ шудааст. Мудири Оҷонси давлатии туризми Қирғизистон мегӯяд, дар озмуни «Олиҳаи ҳусни ҷавонгардӣ-2008» намояндагони 60 кишвари дунё ширкат хоҳанд кард. Турусбек Мамашев афзуд, ки ин озмун ду ҳафта давом хоҳад кард ва иштирокчиёни он аз соири вилоятҳои кишвараш ва ҷойҳои таърихии он боздид ба амал хоҳанд овард.

Оҷонси давлатии туризми Қирғизистон ғояи «Қирғизистон- кишвари Санта Клаус»-ро ба миён гузоштааст. Турусбек Мамашев мегӯяд, ки дар ин замина онҳо се моҳ қабл як фестивали байналмилалиро баргузор карданд, ки кишварашро ба маркази Санта Клаусҳо табдил дод. Вай гуфт, ки дар ин фестивал ҳар як кишвар Бобои барфии худро фиристода буд. Ба таъкиди мудири оҷонси сайёҳӣ, дар ҳамин ҳол Қирғизистон ба Кунгураи Санта Клаусҳо низ омодагӣ мегирад. Аз ин лиҳоз, тарҳи сохтумони мақарри зимистона ва тобистонаи Санта Клаусҳо мавриди корбаст қарор дорад.

Турусбек Мамашев мегӯяд, ки ҳамаи ин часпу талошҳо ба хотири он аст, ки мавҷи сайёҳон ба кишвараш биафзояд ва рӯзгори мардум беҳбуд ёбад.

XS
SM
MD
LG